Редакционная структура
Редакционная коллегия
Информация о редакционной коллегии, главном редакторе и процессе рецензирования.
Главный редактор
Члены редакционной коллегии
- Member 1
- Member 2
- Member 3
ҚОИДАҲОИ ТАҚРИЗ ШУДАНИ МАҚОЛАҲОИ ВОРИДШУДА
Ҳар як мақолае, ки ба маҷаллаи «ИҚТИСОД ВА САЙЁҲӢ: ТАМОЮЛ ВА ДУРНАМО» ворид мегардад, ҳатман ба он тақриз дода мешавад. Ин раванд ба муаллифон ва барои муқарризон махфӣ боқӣ мемонад. Ба сифати муқарриз идораи маҷалла аз ҳисоби ҳайати таҳририя ва берун аз онро ҷалб менамояд. Бояд муқарриз дорои унувони илмии номзади илм ё доктори илми иқтисодӣ, ва дар ҳолати зарурӣ таҷрибаи баланд дар соҳиаи иқтисодиёт дошта бошад. Баъди қабули мақола ба қайд гирифта мешавад, ҳайати таҳририя баррасӣ менамоянд, баъдан ба муқарризи соҳавӣ фиристода мешавад. Муқарриз бояд аз рӯи хусусиятҳои зерин арзёбӣ намояд: – сатҳи илмии мавод; – муҳимияти масъалагузорӣ; – навгонӣ ва иттиллоотӣ; – мувофиқати миқдор оид ба интихоби мавзӯъ ва талаботи таҳририя. Мақола аз ҷониби муқарриз дар муддати 15 рӯзи корӣ баррасӣ мегардад ва тавассути мактуб ба шакли тақриз ба идораи маҷалла бо назардошти талаботҳои зерин баргардонида мешавад: – мавҷудияти хатогиҳо ва плагиат; – маводро чоп кардан мумкин аст ё не; – мавод бори дуввум ба тақриз фиристода шавад ё не (бо нишондоди муқарризони мавҷуда); – мавод рад карда шавад (бо пешниҳоди раддия). Ҳангоми пешниҳоди мусбӣ мақола баъди коркард нашр карда мешавад ва иловаҳо бояд қайд гарданд (қайдҳо хусусияти пешниҳодотӣ дошта бошанд). 4. Дар ҳолати мувофиқ набудани пешниҳоди муқарриз бо муаллиф, муаллиф метавонад ба идораи маҷалла ҷавоби аргументӣ пешниҳод намояд. Мақола бо тағйиротҳои дар асоси қайдҳо такроран ба муқарриз фиристода мешавад. Агар дар ин ҳолат фикру андешаҳои муаллиф ва муқарриз мувофиқ ояд, мақола ба нашр пешниҳод мегардад.
ҚОИДАҲОИ ҚАБУЛИ МАҚОЛАҲОИ ВОРИДШУДА БА ИДОРАИ МАҶАЛЛА
Ҳангоми қабул мақола ба қайд гирифта шуда, баъди баррасии ҳайати таҳририя барои тақриз ба мутахассиси соҳа супорида мешавад. Баъди гирифтани тақризи ғайриқаноатбахш мақола ба муаллиф барои бартараф намудани камбудиҳо баргардонида мешавад. Мақолаи аз ҷониби муаллиф коркардшуда барои чоп бори дувум қабул мегардад. Муаллиф метавонад дар муддати 30 рӯз аз ҳолати мақолаи худ тариқи телефонҳои (+992 37) 234 85 44 ё почтаҳои электронии majala.dbsst@gmail.com хабардор шавад.
